IQNA

Машҳуртарин ояти Қуръон дар бораи Имом Ҳусайн (а)

Машҳуртарин ояти Қуръон дар бораи Имом Ҳусайн (а)

Муаллифи китоби "Калидвожаҳои оятҳои ҳусайнӣ дар Қуръони карим", ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сайид Муҳаммадҷаъфар Рӯзотӣ, мегӯяд: «Яке аз машҳуртарин ва амиқтарин оятҳое, ки ба Имом Ҳусайн (а) ишора дорад, ояти 107 сураи Саффат аст. Дар ин оят, қиссаи қурбонӣ шудани ҳазрати Исмоил (а) аз ҷониби падараш ҳазрати Иброҳим (а) нақл мешавад.» Ӯ мефаҳмонад, ки дар ривоятҳои исломӣ омадааст: Пас аз он ки Иброҳим (а) амри қурбонии фарзандашро иҷро кард, Ҷабраил (а) аз сӯи Худо бар ӯ нозил шуд ва қиссаи шаҳодати Имом Ҳусайн (а)-ро барои ӯ нақл кард. Ҳазрати Иброҳим (а) бо шунидани ин фоҷиа, аз сари андӯҳ гирист, ва ҳамин ашки ӯ, ба қадре арзиш дошт, ки Худованд ба ҷои қурбонии фарзандаш, мукофоти бузургтаре насибаш кард. Ин нишон медиҳад, ки тавоссул ва ашк барои Имом Ҳусайн (а), дар назди Худо мақоми олие дорад.
14:49 , 2025 Aug 15
Аз Ошӯро то Арбаин – Нодида гирифтани номи Ҳусайн (а) дар расонаҳои Ғарб

Аз Ошӯро то Арбаин – Нодида гирифтани номи Ҳусайн (а) дар расонаҳои Ғарб

Вақте ки рекордҳои оддии беаҳамият дар китоби рекордҳои Гиннес сабт мешаванд, аммо бузургтарин ҷамъомади осоиштаи таърих, ки бо ҳузури 20 миллион нафар баргузор мегардад, нодида гирифта мешавад ин саволро ба миён меорад, ки: То куҷо нақли воқеаҳо дар расонаҳои ҷаҳонӣ бо ростӣ ва беғаразӣ сурат мегирад? Ин саволест, ки ҳар сол бо шукуҳи роҳпаймоии Арбаин, боз ҳам муҳимтар ва ҷиддитар матраҳ мешавад. Дар асл, Арбаин як рамзи имон, фидокорӣ ва ҳамбастагӣ аст ва ҳамин чизест, ки душманон намехоҳанд ҷаҳониён онро бубинанд ва бишносанд.
14:40 , 2025 Aug 15
Баррасии дубораи зиёда аз 10 ҳазор нусхаи Қуръон дар Остони Ҳусайни

Баррасии дубораи зиёда аз 10 ҳазор нусхаи Қуръон дар Остони Ҳусайни

Ҳарими мубораки ҳазрати Имом Ҳусайн (а) эълон кардааст, ки баррасӣ ва назорати техникиву мукаммали зиёда аз 10,000 нусхаи Қуръони карим ба анҷом расидааст. Ин кор як бахше аз барномаи ҳамаҷонибаест, ки бо ҳадафи таъмини баландтарин сатҳи дақиқӣ ва сифати чопи матни Қуръон роҳандозӣ шудааст.
14:18 , 2025 Aug 15
Истиқболи гарму хуб аз доварии электронии Қуръон ва пахши зиндаи мусобиқа дар Масҷидулҳаром + видео

Истиқболи гарму хуб аз доварии электронии Қуръон ва пахши зиндаи мусобиқа дар Масҷидулҳаром + видео

45-умин мусобиқаи байналмилалии Қуръони карим, ки бо номи “Малик Абдулазиз” дар шаҳри Макка баргузор шуда истодааст, дар баробари доварии электронии нав ва пахши зиндаи он дар гӯшаҳои гуногуни Масҷидулҳаром, бо хушнудии иштирокчиён ва пазироии хуб рӯ ба рӯ шудааст.
13:55 , 2025 Aug 15
Маҳфилҳои Қориёни Байналмилалӣ дар Наҷф Ашраф + видео

Маҳфилҳои Қориёни Байналмилалӣ дар Наҷф Ашраф + видео

Гурӯҳи қориён ва талавонҳои Қуръони кишвар мо дар ҳайати кервани Қуръонии Арбаини Ҳусайнӣ, ки аз Наҷфи Ашраф ба Карбалои Муъалло меравад, дар роҳ ва дар масҷидҳо маҳфилҳои Қуръонӣ ташкил карданд.
13:20 , 2025 Aug 15
Тизери ёздаҳумин Ҷоизаи Ҷаҳонии Арбаин нашр шуд

Тизери ёздаҳумин Ҷоизаи Ҷаҳонии Арбаин нашр шуд

Тизери ёздаҳумин даври Ҷоизаи Ҷаҳонии Арбаин ва даъват барои ирсоли осори ҳунарӣ ва адабӣ дар мавсими Арбаин аз тарафи Созмони фарҳанг ва иртибототи Исломӣ нашр шуд.
12:42 , 2025 Aug 15
17