IQNA

Хабари ҳамлаи Эрон дар расонаҳои хориҷӣ: Исроил зери оташ

6:34 - April 14, 2024
рақами хабар: 1354
ИКНА - Оғози ҳамалоти ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакии Эрон алайҳи режими ҷинояткори саҳюнистӣ дар ҳамон дақоиқи нахуст бо вокуниши густурда дар расонаҳои хориҷӣ ҳамроҳ гардид.


Ба гузориши манобеи хабарӣ, оғози ҳамалоти паҳподӣ ва мушакии Эрон алайҳи режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ дар ҳамон дақоиқи нахуст бо вокуниши густурда дар расонаҳои хориҷӣ ҳамроҳ шуд. Дар ин гузориш нигоҳе ба вокуниши расонаҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ ба оғози ҳамалоти зидди исроилии Эрон андохтаем.

NBC News: Интиқоми Эрон

Шабакаи хабарии NBC News-и Амрико пӯшиши хабарии худ аз ҳамалоти Эрон алайҳи режими саҳюнистиро бо унвони «Интиқоми Эрон» думбол кард ва навишт: «Эрон ба Исроил ҳамла кард ва ин ҳамла эҳтимоли эҷоди ҷанги минтақаиро ба думбол дорад.» дар идомаи гузориш ба нақл аз мақомоти давлати Байден гуфта шудааст, ки киштиаҳои ҷангии Амрико дар минтақа омодаи кумак ба Исроил ҳастанд. Гузориш мегӯяд, ки ҳамлаи Эрон, аввалин бор буд, ки ба сурати мустақим ба Исроил сурат мегирифт ва ин ҳамла чанд ҳафта пас аз он сурат гирифт, ки ҳамлаи Исроил ба сохтумони консулгарии Эрон дар Димишқ, пойтахти Сурия мунҷар ба ҷон бохтани аъзои Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон шуд ва Теҳрон қавли интиқом аз ин ҳамларо аз қабл эълом карда буд.

Reuters: Ҳамлаҳои густурдаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Эрон ба Исроил

Хабаргузории Рейтер низ дар бораи ҳамалоти зидди исроилии Эрон навиштааст: ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Эрон ба Исроил, ки интизор меравад «дар тайи чанд соат» сурат гирад, аз охирин соати рӯзи шанбе ба вақти Теҳрон оғоз шуд. Артиши Исроил ҳам таъйид кард, ки Эрон даҳҳо ҳавопаймоҳои бесарнишин рӯзи шанбе ба самти Исроил партоб кард. Ин ҳамла мумкин аст боиси ташдиди таниши бузург байни душманони минтақаӣ шавад ва ҳамзамон Амрико мутааҳҳид ба ҳимоят аз Исроил аст. Як генерали бознишастаи исроилӣ ба номи «Амос Ядлин», ба хабари канали 12 Исроил гуфт, ки ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ ҳар кадом ба 20 килограм (44 павнд) маводди мунфаҷира муҷаҳҳаз шуда буданд.

Алҷазира: Оғози амалиёти Эрон бо номи «Ваъдаи содиқ» алайҳи Исроил

Шабакаи телевизионии Алҷазира низ дар гузорише дар бораи ҳамлаи Эрон ба Исроил навишт: Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ эълом кард, ки тайи амалиёти «Ваъдаи содиқ» бо даҳҳо ҳавопаймои бесарнишин ва мушак Исроилро ҳадаф қарор дода ва ин иқдом бахше аз муҷозоти «ҷиноятҳои Исроил» аст. Ба гуфтаи Алҷазира, ин амалиёт бо даҳҳо мушак ва ҳавопаймоҳои бесарнишин барои ҳамла ба аҳдофи хосс дар сарзаминҳои ишғолӣ анҷом шудааст.

Guardian: Исроил зери оташи Эрон

Рӯзномаи англисии Guardian чопи Лондон низ дар гузориши фаврии худ дар бораи ҳамалоти Эрон алайҳи режими саҳюнистӣ эълом кард: Исроил зери оташи ҳамалоти густурдаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Эрон қарор гирифтааст ва ин аввалин ҳамлаи мустақими Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Исроил аст, ҳарчанд солҳост ҷанг дар сояи Эрон ва Исроил аланӣ шудааст. Ҳамзамон пойтахтҳои ҷаҳон дар ҳолати омодабош барои ташдиди танишҳо дар Ховари Миёна қарор доранд. Ҳамчунин партоби ҳавопаймоҳои бесарнишини қудратманди Шоҳиди сохти Эрон тавассути артиши Исроил ва манобеи низомии ибрӣ забон дар ҳудуди соати 11 шаби рӯзи шанбе ба вақти маҳаллӣ таъйид шуд ва неруҳои низомии Исроил (IDF) эълом карданд, ки беш аз 100 ҳавопаймои бесарнишин ба сӯи Исроил шиллик шудааст.

The Times of Israel: Мардум бояд ба паноҳгоҳҳо ворид шаванд

Хабаргузории саҳюнистии Таймси Исроил низ аз шароити ҷангӣ дар ин режим ҳамзамон бо оғози ҳамалоти Эрон хабар дод ва гуфт: ожирҳои хатар ва буқҳои баланд дар саросари шимол ва ҷануб ва ҳамчунин дар Байтулмуқаддас ва бисёре аз шаҳрҳои шимоли Каронаи Бохтарӣ ба думболи ҳамлаи мушакӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишини густурдаи Эрон ба Исроил ба садо даромаданд.

Ҳамчунин артиши Исроил ба сокинони баландиҳои Ҷавлони шимолӣ, минтақаи Навотем дар ҷануби Исроил, Дамуно ва Илот дастур додааст то иттилоъи сонавӣ дар наздикии паноҳгоҳҳо боқӣ бимонанд.

NPR: Тааҳҳуди Амрико ба  ҳимояти Исроил

Вебгоҳи амрикоии NPR низ бо таъйиди ҳамлаи сурат гирифта аз сӯи Эрон ба Исроил ба нақл аз бархе мақомоти амрикоӣ эълом кард: «Адриен Ватсон», сухангӯи шӯрои амнияти миллии Амрико ба нақл аз президент Байден гуфтааст, ки ҳимояти мо аз амнияти Исроил оҳанин аст. Иёлоти Муттаҳида дар канори мардуми Исроил хоҳад истод ва аз дифои онҳо дар баробари таҳдидот аз сӯи Эрон ҳимоят хоҳад кард.

BBC: Ҷаҳон мунтазир аст бубинад, ки Эрон чӣ хоҳад кард

Телевизиони хабарии “BBC”-ии Англис низ дар гузориши худ аз посухи Эрон алайҳи режими саҳюнистӣ навишт: кишварҳои минтақа ва бисёре аз пойтахтҳо дар дигар кишварҳои ҷаҳон бо нафси бандомада ба тамошо нишаста ва мунтазиранд то бубинанд Эрон дар оянда чӣ хоҳад кард. Ҳамлаи Эрон ба Исроил пас аз ҳамлаи ҳавоии Исроил ба муҷтамаи дипломатики Эрон дар қалби Димишқ, пойтахти Сурия сурат гирифт, ки дар он фармондаҳони аршади Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ҷони худро аз даст доданд. Исроил ҳаргиз ба анҷоми чунин ҳамалоте эътироф намекунад, аммо ҳама медонанд, ки Исроил масъули анҷом ин ҳамалот будааст.

https://tajikpress.com/2024/04/14/

captcha