IQNA

Осон шудани рафту омади маълулон дар Масҷидулҳаром

23:02 - April 22, 2024
рақами хабар: 1400
ИКНА - Масъулони Масҷидулҳаром ахиран барои осон шудани рафту омади маълулони дорои вилчерӣ дар Масҷидулҳаром, масирҳоеро бо ранги мушаххас кардаанд то дастёбии онҳо ба Масҷидулҳаром тасҳил шавад.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз Ҷавалот, масирҳои рангие, ки барои убури вилчерӣ ихтисос дода шудааст, аз минтақаи Ғазза дар атрофи Маккаи мукаррама оғоз шуда ва ба саҳнҳои шимоли Масҷидулҳаром мерасад. Бадин васила маълулони дорои вилчер метавонанд барои анҷоми маносики ҳаҷ ба суҳулат ва бо оромиш вориди Масҷидулҳаром шаванд.

Ин масирҳои рангӣ муҷовири масири зоирони пиёдаи Байтуллоҳилҳаром ва дар канори тарҳи тавсеа шимоли Масҷидулҳаром аст, ки бо аломатҳои хоссе, ки бар рӯи замин қарор дода шуда мушаххас шудааст то маълулони дорои вилчерро ба самти Масҷидулҳаром ҳидоят кунад. Масирҳои баргаштӣ низ бо хутут ва флашҳои мушаххас шудаанд то вуруд ва хурӯҷ ба Масҷидулҳаром барои ин гурӯҳ тасҳил шавад.

Масирҳои вижаи зоирони вилчериӣ иборатанд аз: ду масири шимоли Масҷидулҳаром, ки ба сурати рангӣ ҷудо шудааст, ки аз пули Ҳаҷун то саҳнаҳои ҳарами Масҷидулҳаром идома дорад ва дар канори масири зоирон пиёда бо аломатҳои мушаххас шудааст.

https://iqna.ir/fa/news/4211754

captcha