IQNA

Раҳбари Инқилоби исломии Эрон дар дидори ҳазорон нафар аз коргарон таъкид карданд:

Табйини роҳҳои мушорикати мардум дар ҷаҳиши тавлид, вазифаи муҳимми масъулон

22:07 - April 24, 2024
рақами хабар: 1410
ИКНА - Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон субҳи имрӯз дар дидори ҳазорон нафар аз коргарон, бо баёни нақши калидии ҷомеа коргарӣ дар ҷаҳиши тавлид ва беҳбуди вазъи иқтисодии кишвар, ба табйини вазоифи масъулони ҶИЭ барои ҳалли мушкилоти қишри қонеъ ва наҷиби коргар пардохта гуфт: Ҳоли хуби ҷомеаи коргарӣ, ҳоли миллатро ҳам хуб хоҳад кард.

Ишон ҳамчунин ҳадафи воқеии Амрико ва ғарб аз таҳрим ва фишор бар Эронро, таслим ва пайравии маҳзи миллат ва низоми исломӣ хонд ва таъкид кард: Миллати бузург ва решадори Эрон ва Ҷумҳурии Исломӣ, дар муқобили зӯргӯӣ ва зиёдахоҳиҳо таслим намешавад ва бо табдили таҳримҳо ба фурсатҳои пешрафт ва шукуфоӣ, ба уфуқи равшани оянда даст хоҳад ёфт.

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ташаккури самимона аз талош, наҷобат ва ҳиммати ҷомеаи коргарӣ, бӯсаи Паёмбар(с) бар дастони пинабастаи як коргарро болотарин таҷлил аз кор ва коргар хонд ва афзуд: Ислом барои кор ва амал, арзиш ва эҳтироми зотӣ қоил аст ва бар асоси омӯзаҳои қуръонӣ ва ривоӣ, талоши ҳар фард барои касби рӯзӣ ва нони ҳалол, ҳамчун ибодот амали солеҳ ба ҳисоб меояд.

Ишон таваҷҷуҳи афкори умумӣ ба «нигоҳи Ислом ба кор ва коргар»-ро зарурате муҳим ва заминасози пешрафти кишвар донист ва афзуд: Дунёи моддӣ барои коргар, сирфан ба унвони василаи тавлиди сарват, аҳамият қоил аст, аммо Ислом ба иллати қоил будани арзиши мабноӣ барои кор, коргарро низ дорои арзиши зотӣ медонад, ба гунае ки ба фармудаи Паёмбари хотам(с), Худованд ҳар касеро, ки корашро дурусту мутқан ва маҳкам анҷом диҳад, дӯст дорад.

Оятуллоҳ Хоманаӣ такя бар нуқоти ҳассоси иқтисодӣ дар номгузории солҳои ахирро ношӣ аз аҳамияти мавзуи иқтисод хонд ва бо таъкид бар ин ки коргари моҳир, бо рӯҳия ва пурангеза рукни «ҷаҳиши тавлид» аст, гуфт: Таҳаққуқи шиори имсол бар асоси назари коршиносон ва соҳибназарон, ниёзманди мушорикати мардум аст, ки дар ин сурат, мушкилот коҳиш меёбад ва бо тақвияти иқтисоди кишвар, дасти коргар ҳам пур мешавад.

Ишон, кор ва корофаринро ду ҳамкори хатти муқаддами ҷанги иқтисодии таҳмилии душманон бар миллати Эрон баршумурд ва афзуд: Ин ду унсури аслии мубориза бо Амрико, ҳар қадар беҳтар талош кунанд ва ҳар қадар заминаи талоши муассир барои онон фароҳамтар шавад, тавфиқоти бештаре насиби кишвар ва миллат хоҳад шуд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ ба истиноди омор, ҷомеаи коргарӣ ва хонаводаҳои муҳтарами онҳоро ҳудуди нисфи ҷамъияти кишвар хонд ва хитоб ба масъулон таъкид кард: Агар ҳоли ҷомеаи коргарӣ хуб шавад, ҳадди ақал ниме аз мардум ҳолашон хуб мешавад ва ин бисёр муҳим аст.

Ишон дар табйини вазоифи қуво ва дастгоҳҳо дар қиболи ҷомеаи коргарон, тазмини амнияти шуғлиро аз муҳимтарин масоил донист ва афзуд: Коргаре, ки бо қаноат ва наҷобат машғули кор аст, бояд ба ояндаи шуғлии худ итминон дошта бошад.

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба таътилии воҳидҳои тавлид ва ҳатто корхонаҳои бузург дар давраҳое гуфт: Дар яке ду соли ахир ба ҳиммати масъулон, ҳазорон коргоҳи таътилшуда ё ниматаътил, эҳё шуда, ки ин кори муҳим бояд идома ёбад.

Ишон масъалаи бимаҳоро ҳам, барои ҷомеаи коргарӣ муҳим хонд ва бо интиқод аз иҷро нашудани сиёсатҳои куллии таъмини иҷтимоӣ, гуфт: Ин сиёсатҳо, муддатҳо пеш иблоғ шуд ва раисҷумҳур ҳам дастури таҳияи оинномаро дод, аммо дар амал корҳо пеш нарафта ва сиёсатҳо иҷро нашудааст

Эминии неруи кор ва иртиқои маҳоратҳои шуғлӣ ду ниёзи дигари ҷомеаи коргарӣ буд, ки ишон ба онҳо ишора кард ва афзуд: Маҳоратафзоӣ ва донишафзоии неруи кор, ба пешрафти кишвар ва афзоиши сатҳи сифати кор кумак мекунад ва ба нафъи коргарон ва корфармоён аст.

Ишон, омӯзиш ва парваришро ҳам дар кумак ба маҳоратафзоӣ дар кишвар, бисёр муассир донист ва гуфт: Мадорис, дабиристонҳо ва донишгоҳҳо метавонанд дар канори омӯзишҳои назарӣ, омӯзишҳои фаннӣ ва ҳирфаӣ ҳам ироа ва бо додани гувоҳиномаи маҳоратӣ, ба иштиғоли дуруст ва роҳати ҷавонон кумак кунанд.

Кашфи истеъдодҳои дурахшон дар миёни коргарон ва фароҳам овардани майдон ва маҷоли навоварӣ ва халлоқият барои онҳо, тавсияи дигари ишон ба масъулон ва корфармоён ва корофаринон буд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ пас аз табйини вазоифи масъулон, ба вазоифи ҷомеаи коргарӣ пардохт ва бо ишора ба масоиле ҳамчун амонат донистани кор, анҷоми маҳкам ва мутқани кор ва инзибот ва эҳсоси масъулият дар муҳити кор, гуфт: Коргарони азиз, корро арзиш бидонед, зеро бо кори шумо кишвар обод ва барои Эрон обрӯ ва сарафрозӣ ва қудрат эҷод мешавад.

Ишон табдил шудани кор ба арзиш дар зеҳнҳои умумиро сабаби афзоиши майл ва иштиёқ ба кор донист ва гуфт: Дар ин сурат ҳар коргаре дар нигоҳи мардум, як инсони арзишманд мешавад ва ҷавонон ҳам дар фароянди тавлид беҳтар нақшофаринӣ мекунанд, дар ҳоле ки имрӯз мутаассифона бархе ҷавонон на майл ба кор доранд на дар ҷустуҷӯи он ҳастанд ва бархе ҳам фақат пушти мизнишиниро кор медонанд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба шиори сол, яке аз вазоифи муҳими масъулонро шиносоӣ ва табйини заминаҳои мушорикати мардум дар тавлид ҳамчун эҷоди ширкатҳои таовунӣ, кумак ба тавлидоти хонагӣ ва саноеи дастӣ, мусоидат дар эҷоди ширкатҳои донишбунён ва тақвияти фаъолитҳои кишоварзӣ ва домдорӣ хонд ва гуфт: Соҳибназарони иқтисодӣ дар давлат ва хориҷи давлат роҳҳои фаровони мушорикат дар тавлидро ба мардум нишон диҳанд ва масъулон, заминаи мушорикатро фароҳам ва осон кунанд.

Ишон бурдани эътибороти банкиро ба самти тавлид зарурӣ баршумурд ва гуфт: Ин кор ба дурустӣ анҷом намешавад, ки масъулони банкӣ бояд таваҷҷуҳ ва иқдом кунанд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар бахши дигаре аз суханонаш, суҳбат аз масоили иқтисодӣ бе таваҷҷуҳ ба таҳримҳои ба гуфтаи амрикоиҳо ва аврупоиҳо бесобиқаро ғайримумкин дониста гуфт: Ғарбиҳо дар бораи ҳадаф аз вазъи таҳримҳо зидди Эрон ба дурӯғ масоиле монанди силоҳи ҳастаӣ, ҳуқуқи башар ва ҳимоят аз терроризмро матраҳ мекунанд.

Раҳбари олии ҶИЭ  дар табйини таноқуз ва баҳонаҳои дурӯғини ғарбиҳо ба намунаи Ғазза ишора карда ва афзуд: Аз назари онҳо мардуми таҳти бомбаборони Ғазза террорист ҳастанд, аммо давлати хабис ва ҷаълӣ ва бераҳми саҳюнистӣ, ки зарфи шаш моҳ наздик ба 40 ҳазор нафар аз ҷумла чанд ҳазор кӯдакро қатли ом карда, террорист нест.

Ишон ҳадафи воқеии бадхоҳони Эрон аз таҳримро дар тангно гузоштани Ҷумҳурии Исломӣ барои пайравӣ аз хутути истеъморӣ ва истикборӣ ва таслим дар муқобили зӯргӯиҳои онҳо дониста афзуд: Бархе -Ин шоа Аллоҳ хайрхоҳона- доим тавсия мекунанд, ки як хостаи Амрикоро қабул кунед то мушкил ҳал шавад, дар ҳоле ки таваққуоти амрикоиҳо тамомӣ надорад.

Ишон бо ишора ба суханронии чанд сол қабли худ дар мавзуи ҳастаӣ ва баёни ин масъала, ки «амрикоиҳо мушаххас кунанд, ки ба чӣ ҳадде аз ақибнишинии Эрон дар масъалаи ҳастаӣ қонеъ хоҳанд шуд», гуфт: Онҳо ҳаргиз ҳозир нестанд ин ҳадро мушаххас кунанд, чун мехоҳанд бо пешравии қадам ба қадам, дар ниҳоят таҷҳизоти ҳастаии кишварро монанди он кишвари шимоли Африқо ҷамъоварӣ ва санъати ҳастаии Эронро таътил кунанд, дар ҳоле ки бахшҳои мухталифи кишвар ҳамчун саломат, пизишкӣ ва дигар арсаҳо ба натоиҷи фаъолиятҳои ҳастаӣ ниёз доранд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкиди дубора бар ҳадафи аслии амрикоиҳо аз таҳрим яъне табаият ва таслими маҳзи миллати Эрон ва Ҷумҳурии Исломӣ дар заминаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, гуфт: Онҳо мехоҳанд сарват, обрӯ ва сиёсатҳои Эрон монанди бархе кишварҳо, дар дасти Амрико бошад, аммо низоми исломӣ ва ғайрати исломӣ ва миллати бузург ва решадори Эрон маҳол аст, ки таслими зӯргӯии онҳо шаванд.

Ишон, таҳримҳоро боиси садама задан ба иқтисоди кишвар ва эҷоди мушкилоти иқтисодӣ хонд, аммо афзуд: Ҳамин таҳримҳо сабаби шукуфоии истеъдодҳо ва бурузи зарфиятҳои дохили кишвар ҳам шудааст.

Оятуллоҳ Хоманаӣ фурсатсозӣ аз душмании душманро хосияти як миллати зинда баршумурд ва афзуд: Тавсияи ҳамешагии банда ба ҷавонон ва масъулон ва мардуми ғаюр ва мутадайини кишвар ҳамин аст.

Ишон пешрафтҳои таслиҳотиро намунае аз табдили таҳримҳо ба фурсат хонд ва афзуд: Ин пешрафт, ки як ҷое худро нишон дод, ҳамаи душманонро мутааҷҷиб кард, ки Эрони исломӣ чигуна тавонистааст дар шароити таҳрим ин теъдод силоҳи пешрафта тавлид кунад.

Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуд: Ин шоа Аллоҳ бештар ва беҳтар ва пешрафтатар аз ин силоҳҳо низ тавлид хоҳад шуд, албатта пешрафтҳо мунҳасир ба таслиҳот ҳам нест ва дар бахшҳои мухталифи пизишкӣ, саломат ва баъзе бахшҳои санъатӣ ва муҳандисӣ, Эрон ҷузви пештозон ва барҷастагони ҷаҳонист, зимни ин ки дар баъзе бахшҳо ҳам ақиб ҳастем, ки дар сурати ҳиммат ва талош, дар онҳо ҳам пешрафт хоҳем кард.

Ишон таҳримҳоро рӯ ба камасар шудан донист ва афзуд: Ахиран дар яке аз гузоришҳои манобеи байналмилалӣ, ба афзоиши тавлиди нохолиси миллии Эрон ишора шуда буд, ки ин, яъне дар кишвар бештар ва беҳтар кор мешавад, дил ба кумаки берун аз марзҳо баста нашуда ва таҳримҳо натавониста Эронро аз по дароварад ва ин рӯҳия бояд дар кишвар тақвият шавад.

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба роҳпаймоӣ ва тазоҳуроти миллатҳо дар ҳимоят аз фаластиниҳо ва барафроштани парчамҳои Фаластин ва Ҳизбуллоҳ дар хиёбонҳои Аврупо ва Амрико, муттаҳам кардани Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳимоят аз терроризм ба баҳонаи ҳимоят аз мазлумони Ғаззаро боиси расвоии иттиҳомзанандагон хонд ва афзуд: Акнун на танҳо миллати Эрон, балки ҳамаи миллатҳо аз Фаластин ҳимоят мекунанд.

Ишон пурсид: Оё он Фаластине, ки дар муқобили зулми шаҳракнишини ғосиб барои ғасби хонаи худ истодагӣ мекунад террорист аст? Оё ҷабҳаи зулмситез ва боғайрати муқовимат террорист аст ё онҳо, ки бо бомбаборони мардум фоҷеаофаринӣ мекунанд? Ва албатта ба ҷое нарасиданд ва нахоҳанд расид.

Ишон дар ҷамъбандии ин бахш аз суханонаш, гуфт: Барои миллати Эрон маълум бошад ва маълум ҳам ҳаст, ки иллати душмании зӯргӯён бо онҳо, дурӯғҳое, ки сар ҳам мекунанд нест, балки ин аст, ки Эрони мустақил зери бори зӯргӯии онҳо намеравад ва ҳозир нест дунболарави сиёсатҳои шикастхӯрда, ақибмонда, ноком ва хилофи арзишҳои илоҳӣ ва фитрати башарии онҳо бошад, сиёсатҳое, ки ба эътирофи бархе таҳлилгарони ғарбӣ, дар ҳоли нобуд кардани эътибори 200 солаи Амрико аст.

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки таваққуи пайравии миллати бособиқа ва решадори Эрон аз ин сиёсатҳои шикастхӯрда, беҳуда аст, гуфт: Миллати Эрон истода ва маҳкам аст, ки албатта бояд истоданро дар амал, кор, таҳқиқот ва иттиҳоди миллии худ нишон диҳем, ки дар ин сурат ва бо шарти парҳез аз танбалӣ ва коҳилӣ, аз дили сахтиҳо ва гирифториҳои таҳмилии бадхоҳон, фурсатҳо ва кушоишҳои бештаре барои пешрафт зуҳур хоҳад кард ва миллати Эрон, ба фазли илоҳӣ, ба уфуқи равшани оянда хоҳад расид.

https://iqna.ir/00HflM

captcha